Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Карзай мегӯяд, ба фишор тан намедиҳад


Ҳомиди Карзай, раиси ҷумҳури Афғонистон, мегӯяд, то замоне, ки Амрико музокироти амалӣ бо Толибонро шурӯъ накунад, созишномаи дуҷонибаи амниятӣ бо он кишварро имзо нахоҳад кард. Бар тибқи ин санад, баъди берун шудани нерӯҳои хориҷӣ аз Афғонистон то охири имсол, бояд теъдоде аз сарбозони Амрико барои кӯмак ба сарбозони Афғонистон ва тамрини онҳо дар ин кишвар бимонанд. Ҳомиди Карзай, рӯзи шанбе ба хабарнигорон гуфт, ки ин аҳдномаро зери фишор имзо нахоҳад кард: “Афғонистон зери фишор ҳозир ба имзои чизе нест. На фишор, на таҳдид, на ҷанги равонӣ алайҳи мардум, моро маҷбур нахоҳад кард, ки қарордоди амниятиро имзо бикунем. Агар мераванд, худо ҳофизашон имрӯз бираванд.”
Ҳомиди Карзай ҳамчунин гуфт, “Агар Амрико мехоҳад, ба ҳайси як муттаҳиди мо бимонад, пас бояд бо мо мисли муттаҳид ҳамкорӣ кунад, на рақиб.” Амрико мехоҳад, созишномаи амниятӣ бо Афғонистон ҳарчӣ зудтар имзо шавад, то созмони НАТО ба ихроҷи сарбозонаш шурӯъ кунад. Раиси ҷумҳури Афғонистон гуфтааст, қарори ниҳоӣ дар бораи имзои созишномаро бояд баъди интихоботи моҳи апрел раиси ҷумҳури оянда қабул кунад.
XS
SM
MD
LG