Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рӯёрӯии тазоҳургарону пулис дар Киев идома дорад


Рӯёрӯии тазоҳургарони зиддиҳукуматӣ ва маъмурони пулис дар шаҳри Киев пойтахти Украина баъди бархӯрдҳои парокандаи шаби шанбе ҳанӯз ҳам идома дорад. Тазроҳургарон дар ин шаб ба сӯи маъмурони пулис, бомбҳои оташгиранда партоб мекарданд ва маъмурони пулис бо норинҷакҳои беҳискунанда ва тирҳои резинӣ посух медоданд. Бино ба гузоришҳо, дар маҷмӯъ субҳи рӯзи шанбе авзоъ дар Киев ором буд. Бархӯрдҳои хушунатбор дар аввали ҳафта дар пойтахти Украина бо марги чанд нафар анҷомид. Мухолифони давлат мегӯянд, ки 5 тазоҳургар дар ин бархӯрдҳо ҷон додаанд, вале маъмурони пулис марги се нафарро таъйид карда ва гуфтаанд, ки дар ҳалокати онҳо кормандони пулис даст надоранд. Тазоҳуроти зиддиҳукуматӣ ҳамчунин дар ғарби Украина паҳн шуд, ки дар он ҷойҳо эътирозгарон чанде аз идораҳои ҳукуматиро ишғол кардаанд. Виктор Янукович, раиси ҷумҳури Украина, рӯзи ҷумъа қавл дод, ки баъзе аз аъзои ҳукуматро дигар мекунад, аммо Виталий Кличко, пешвои мухолифони давлат гуфт, ягона роҳи хотима додан ба тазоҳурот дар хиёбонҳо, истеъфои раиси ҷумҳур аст.
XS
SM
MD
LG