Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эътирози бозорнишинони Ёвон аз ҷаримабандии мақомот


Субҳи имрӯз, 25 январ, даҳҳо тан аз тоҷири бозори Ёвон бо нишони эътироз ба назди бинои ҳукумати ноҳия ҷамъ шуда, аммо аз сӯи кормандони милиса пароканда шудаанд. Раҳим, яке аз ин тоҷирон, дар тамос бо радиои «Озодӣ» гуфт, далели эътирози бозорнишинони Ёвон, як рейди мақомоти андози вилояти Хатлон аст, ки дар пайи он даҳҳо нафар ҷаримабандӣ шудаанд. Ин манбаъ гуфт, ҷаримаҳо аз 1000 то 24 ҳазор сомониро ташкил мекунанд ва далели ҷаримабандиҳо ҳам қабл аз ҳама кам пардохт кардани ҳаққи барқу дигар пардохтҳо будааст, ки қаблан пардохт шудаанд. Пароканда шудани намоиши эътирозӣ дар Ёвон, тибқи манобеъи «Озодӣ», ба он далел сурат гирифтааст, ки эътирозгарон иҷозаи намоишро надоштаанд. Дар ҳоли ҳозир, қисмате аз тоҷирон ва бозорнишинон ба кор шурӯъ карда, қисмате дари дӯконҳои худро ҳанӯз баста нигоҳ медоранд ва рейди мақомоти андоз идома дорад.
XS
SM
MD
LG