Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таҳияи харитаи минтақаҳои хатарзои Тоҷикистон


Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон барои омодагии беҳтар ба офатҳои табиӣ ва пешгирӣ аз афзоиши қурбониёну талафот харитаи манотиқи осебпазири кишварро таҳия кард.

Харитаи манотиқи осебпазири Тоҷикистон дар ҳоле муаррифӣ мешавад, ки соли гузашта дар кишвар 83 офати табиӣ рӯй дода, дар натиҷаи онҳо 11 нафар ба ҳалокат расид ва ҳаҷми умумии зиёни иқтисодӣ 64 миллион сомонӣ ё 12 миллион долларро ташкил дод. Ин омор нишон медиҳад, ки шумораи офатҳои табиӣ дар кишвар соли 2012 назар ба соли гузашта ду баробар зиёдтар буд.

Хайриддин Абдураҳимов, раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода рӯзи ҷумъаи 24-уми январ дар нишасти матбуотӣ гуфт, бар асоси ин харитаҳо, ки дар онҳо манотиқи хатарзо муайян шудаанд, дар мактабҳо ва маҳалли зисти мардум давраҳои омӯзишии амалкард дар ҳолати офати табиӣ баргузор мешаванд: «Аз куҷо тарма мефарояд, обу ярч аз куҷо ва кадом вақт мерезад, мо харитакорӣ кардем. Муаллимон ва директорони мактабҳо бояд ба мактаббачаҳо фаҳмонанд, ки дар кадом маврид аз инҷо гузаштан мумкин аст, кадом вақт не. Барои мисол, соли гузаштаи 2013 дар Тоҷикобод мактаббача ҳангоми рафтан ба мактаб ногаҳаҳон тарма мефарояд ва ӯро мебарад».

Хайриддин Абдураҳимов, раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон
Хайриддин Абдураҳимов, раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон
Ин ҳам дар ҳоле, ки бархе аз минтақаҳои кӯҳӣ ва наздик ба соҳили дарёҳо, ҳамчунин мавзеъҳои зери ағбаҳо аз минтақаҳои хатарзо дониста шудаанд. Агар ин ё он мавзеъ зери таҳдиди ошкорои офати табиӣ қарор дошта бошад, тасмим гирифта мешавад, ки аҳолӣ аз он ҷо кӯчонида шавад. Ин дар ҳолест, ки бахши муайяни аҳолӣ дар чунин минтақаҳо ба сар мебарад, вале кӯч додани он ба маҳалли амн аксаран пас аз сар задани фалокат иттифоқ меафтад.

Шамсия, як сокини ноҳияи Рӯдакӣ мегӯяд, манзили истиқоматияш дар маҳалле сохта шудааст, ки ҳар лаҳза офати табиӣ ба ӯву аҳли хонаводааш таҳдид мекунад. Шамсия гуфт: «Як вақт аз ҳукумат омада буданд, бояд моро кӯч медонанд, аммо дигар касе намепурсад. Бовар кунед, ман ҳар боре ки борон меборад, моро тарс фаро мегирад, ки худо нахоста ҳодисае рух диҳад, мо чи кор мекунем.»

Аммо масъулони кумитаи ҳолатҳои фавқулода мегӯянд, онҳо дар баробари таҳияи харита ё нақшаи минтақаҳои хатарзо, ҳамчунин дар як соли ахир 292 хонаводаро аз маҳалли хавфнок ба ҷойҳои амн кӯчондаанд. Барои намуна 50 хонавода дар вилояти Бадахшон, ба хусус Дарвоз, Рӯшон, Ванҷ, Роштқалъа ва Мурғоб, 66 хонавода дар ноҳияҳои Ғонҷӣ, Панҷакент, Айнӣ, Исфара, Ашт, Хуҷанд, Шаҳристон ва Спитамен, ҳудуди 100 хонавода аз вилояти Хатлон ва 76 хонавода дар ноҳияҳои тобеи пойтахт ба минтақаҳои амн кӯчонда шуданд.

Обхезӣ дар Бадахшон. Акс аз бойгонӣ.
Обхезӣ дар Бадахшон. Акс аз бойгонӣ.
Дар ҳоле, ки ҳукумат барои кӯчондан сармояи зиёд ба харҷ медиҳад, бархе аз шаҳрвандон намехоҳанд, маҳалли зисти худро иваз кунанд. Вале масъулони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон бар инанд, ки харҷи кӯчондани мардум аз ҷуброни паёмадҳои офат камтар хоҳад буд.

Нурулло Маҳмадуллоев, муовини аввали вазири меҳнат, муҳоҷират ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон мегӯяд, онҳо ҳамасола 300 оилаи дар ҳолати хавфнок ба сар мебурдаро ба ҷои дигар мекӯчонанд ва барои ҳар як хонавода се ҳазор сомонӣ кӯмак мекунанд.

Дар ҳамин ҳол масъулони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон мегӯянд, бо таҳияи як барнома тасмим доранд, ки дар соли 2014 барои ҷилавгирӣ аз паёмадҳои офат, корҳои соҳилмустақкамкунӣ ва харидани техникаҳои заруриро ба анҷом расонанд. Ин ҳам дар ҳоле, ки дар соли ҷорӣ барои бартараф кардани ҳолатҳои фавқулода аз буҷа маблағи 189 млн сомонӣ ё муодили ҳудуди 40 миллион доллар ҷудо шудааст.
XS
SM
MD
LG