Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гуфтугӯи дипломатҳои аршади Тоҷикистон ва Эрон дар Маскав


Муовинони вазирони умури хориҷии Тоҷикистон ва Эрон дар шаҳри Маскав бо ҳам дидору гуфтугӯ карданд. Ба иттилои дафтари матбуоти вазорати умури хориҷии Тоҷикистон, мулоқоти Низомиддин Зоҳидов ва ҳамтои эронияш Иброҳим Раҳимпурд ар ҳошияи нишасти машваратии кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой сурат гирифт.

Ба таъкиди ин манбаъ, ҷонибҳо масоили густариши ҳамкориҳои дуҷониба миёни Тоҷикистон ва Эрон дар бахшҳои энержӣ, нақлиёт, фарҳангу маорифро баҳсу баррасӣ карданд. Мақомҳои вазоратҳои хориҷии Тоҷикистон ва Эрон алоқамандӣ ва манфиатдории худро барои тақвияти ҳар чӣ бештари ҳамкориҳо дар ин бахшҳоро таъкид кардаанд.
XS
SM
MD
LG