Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ултиматуми мухолифони Украина ба поён мерасад


Саҳнае аз Киев
Саҳнае аз Киев
Раҳбарони мухолифони Украина таҳдид карданд, ки агар раиси ҷумҳур интихоботи зудраси раёсати ҷумҳурӣ эълон накунад, эътирозгарони зидди ҳукуматӣ “ба ҳамла хоҳанд гузашт”.

3 раҳбари аслии нируҳои мухолифон аз ҷонибдорони худ хостанд, ки дар давоми 24 соати вақти зарбулаҷали ба Виктор Янукович пешниҳодшуда аз ҳар гуна хушунат худдорӣ кунанд. Ин зарбулаҷал шоми рӯзи панҷшанбе ба поён мерасад.

Виталий Кличко, Арсений Ятсенюк ва Олеҳ Тяҳнибок-раҳбарони мухолифин рӯзи чаҳоршанбе баъд аз музокира бо Виктор Янукович-раиси ҷумҳур зарбулаҷал гузоштанд, зеро музокироти онҳо бо раиси ҷумҳур натиҷа надод.

Рӯзи чаҳоршанбе дастикам 3 фаъоли мухолифон дар эътирозҳои зиддидавлатӣ ба қатл расиданд ва дар ду моҳи эътирозҳо ин аввалин фоҷеа мебошад. Ҳудуди 300 нафар ҷароҳат бардоштаанд, вазорати дохила мегӯяд, 75 нафар боздошт шудаанд.
XS
SM
MD
LG