Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Платон Лебедев аз зиндон раҳо мешавад


Платон Лебедев
Платон Лебедев
Додгоҳи Олии Русия ҳукми раҳоии Платон Лебедев - ҳамкори пешини Михаил Ходорковский аз зиндонро содир кард. Додгоҳ баъд аз расидагии дубора ба ду бастаи парвандаи иттиҳомоти зидди вай ба чунин тасмим расидааст.

Додгоҳ ҳукм кард, ки мӯҳлати ҷазои Лебедев бояд камтар карда шавад ва мӯҳлате, ки вай то ҳол дар зиндон сипарӣ кардааст, ба он мӯҳлат баробар аст. Қарор буд, ки вайро моҳи май раҳо кунанд. Акнун интизор меравад, ки вайро ё рӯзи панҷшанбе ва ё рӯзи ҷумъа аз зиндон раҳо кунанд.

Михаил Ходорковский-ғули пешини нафти Русияро Владимир Путин-раиси ҷумҳури Русия моҳи гузашта 8 моҳ пештар аз мӯҳлати хатми зиндон афв кард. Вай бештар аз 10 солро дар зиндон нишаст.

Бо вуҷуди ҳукми раҳоӣ Додгоҳи Олӣ ҳамчунин бар ин ақида аст, ки Лебедев бояд 521 миллион доллар андоз супорад.
XS
SM
MD
LG