Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Медведев: Мушкили Сочӣ аз бозиҳои дигари олимпӣ бузург нест


Мусоҳибаи Медведев бо Кристина Амонпур
Мусоҳибаи Медведев бо Кристина Амонпур
Дмитрий Медведев-нахуствазири Русия дар мусоҳибае бо телевизиони CNN-и Амрико гуфтааст, ки амният дар бозиҳои қарибулвуқуи олимпӣ мояи нигаронист, вале мушкилоте, ки бозиҳои Сочӣ бо он рӯ ба рӯст, аз мушкилоти бозиҳои олимпии дигар бузург нест.

Медведев мегӯяд, дуруст нест, агар бигӯем, ки “таҳдидҳо ба Сочӣ ҷамъ шудаанд”, вале эътироф кард, ки Русия бо мубориза бар зидди терроризм рӯ ба рӯ шудааст.

Ба суоле дар бораи сару садоҳое, ки гӯё Доку Умаров-раҳбари шӯришиёни Чеченистон кушта шудааст, Медевев гуфт, то замоне, ки мақомоти Русия аз “хадамоти вижаи худ далел дарёфт накунанд, вайро зинда ҳисоб мекунанд”.
XS
SM
MD
LG