Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шаҳрванди Чин пас аз боздошт бо "ҳашиш" раҳо карда шуд


Масъулони Оҷонсии назорати маводи мухаддири Тоҷикистон мегӯянд, ки кормандони оҷонсӣ шаҳрванди Чинро дар мавзеи Ҷамантоли ноҳияи Мурғоби Бадахшон дар авоили ҳамин ҳафта бо маводи мухаддири "ҳашиш" боздошт карданд.

Аз дафтари матбуоти ин оҷонсӣ рӯзи 23-юми январ ба Озодӣ хабар доданд, ки ҳангоми азназаргузаронии мошини тамғаи «Jieng Fang» кормандони оҷонсӣ таваҷҷуҳ намуданд, ки ронандаи мошин, шаҳрванди Чин асабонӣ рафтор менамуд, то зудтар аз ҷои азназаргузаронӣ убур кунад.

Чунин вазъият кормандони оҷонсиро водор намудааст, ки мошини ӯро бодиққат аз назар гузаронанд ва ниҳоят дар махфигоҳи мошин бастаи селлофаниро пайдо карданд, ки дар дохили он маводи мухадири навъи «ҳашиш» пинҳон будааст.

Тавре аз дафтари матбуоти оҷонсӣ мегӯянд, азбаски миқдори «ҳашиш» камтар аз вазне будааст, ки бояд муҷозот шавад, ӯро бо ҷазои маъмурӣ, яъне ҷарима иктифо карда раҳо кардаанд. Аммо миқдори ҳашиши дарёфтшударо мушахасс нагуфтанд.
XS
SM
MD
LG