Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Барфи зиёд кори муассисаҳоро дар ИМА мутаваққиф кард


Бар асари бориши барфу тундбод идораву муассисаҳои ҳукуматӣ дар Вошингтон, пойтахти ИМА, муваққатан баста шуданд. Хадамоти ҳавосанҷии Амрико хабар дод, ки баланди барф 25 сантиметрро ташкил дода, ҳарорати ҳаво то 12 дараҷа сард хоҳад шуд.

Рӯзи сешанбе тақрибан 2200 парвоз дар хатсайрҳои гуногун лағв гардид, беш аз ҳазор парвоз дер аз вақти муқарраршуда сурат гирифт. Аз ҳама бештар аз ҳавои номусоид фурудгоҳҳои шаҳрҳои Вошингтон, Ню-Йорк ва Бостон осеб дидаанд.

Мақомот ба мардум аз шамоли сахт ва шароити хатарбори ҳаракат дар роҳҳо ҳушдор додаанд. Бар пояи хабарҳо, дар роҳҳо садамаҳои зиёди нақлиётӣ рӯй доданд.

Дар аёлатҳои Пенсилвания, Ню-Ҷерсӣ, Коннектикут, Вирҷиния ва Вирҷинияи Ғарбӣ бар асари бориши барфи зиёд мактабҳо баста шудаанд.
XS
SM
MD
LG