Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти ду мақомдори Хадамоти гумрук барои ришваситонӣ


Гурӯҳи фаврии Оҷонсии зидди фасоди Тоҷикистон ду кормандони баландмақоми Хадамоти гумрукии Тоҷикистонро барои гирифтани ришва ба маблағи 13 ҳазор доллар боздошт кардаан. Сомонаи Оҷонсии зидди фасод рӯзӯи 22 январ иттилоъ дод, ки Хоҷаев Анвар, сардори дидбонгоҳи гумрукии "Терминал"-и Раёсати минтақавии гумрукӣ дар шаҳри Душанбе ва сарнозири дидбонгоҳи гумрукии "Регар"-и Раёсати минтақавии гумрукӣ дар шаҳри Турсунзода Носиров Шарифхон барои таъин намудани як сокини кишвар ба вазифаи сарнозири дидбонгоҳи гумрукии "Регар"дар шаҳри Турсунзода, 15 000 доллар ҳамчун пора талаб карданд. Гурӯҳи фаврии Оҷонсӣ рӯзи сешанбе 21 январи соли 2014 ҳангоми гузаронидани амалиёти фаврӣ Носиров Шарифхонро, баъд аз гирифтани пора ба маблағи 13 000 ҳазор доллар дастгир кардаанд. Оҷонсии зидди фасод мегӯяд, ки барои собит сохтани ин амали ходимони раёсати Хадамоти гумрук, далелҳои шайъӣ омода карда шудааст ва феълан тафтишоти пешакӣ идома дорад.
XS
SM
MD
LG