Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маркази гармидиҳии Душанбе-2 як рӯз аз кор монд


Маркази гармидиҳии шаҳри Душанбе, ки 10-уми январ аз ҷониби президент Эмомалӣ Раҳмон агрегати нахустини он мавриди истифода қарор дода шуд, ба хотири аз кор мондани системаи полоишгоҳи манораи он як рӯз аз фаъолият боз мондааст.

Нурмаҳмад Холназаров, сардори раёсати Вазорати энергетика ва захоири об хабари бархе расонаҳо дар мавриди пурра қатъ шудани Маркази гармидҳиро рад кард ва гуфт, ки агрегати авали он, ки ба кор андохта шудааст ҳамчунон фаъол аст.

Вай афзуд, ки дар ҳафтаи гузашта, пас аз ин ки системаи полоишгоҳи марказ кор накард ва гарду чанги зиёд бидуни тафсия ба ҳаво дода шуд, мутахассисони чинӣ як рӯз фаъолияти онро боздошта, ситемаи полоишгоҳи онро дуруст карданд. Ҳоло марказ чун рӯзҳои аввал кор мекунад.

Ҷаноби Холназаров гуфт, ки қабл аз оғози кори ин марказ мутахассисони чинӣ кафолати тозагии онро аз нигоҳи экологӣ ваъда карда буданд ва бояд инро сад дар сад таҳти контрол дошта бошанд.

Масъулони Вазорати энергетика ва захоири оби Тоҷикистон мегӯянд, ки ҳоло назорати марказ ҳамчунон дар ихтиёри мутахассисони чинӣ қарор дорад ва пурра ба ихтиёри вазорат нагузаштааст.
XS
SM
MD
LG