Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар як сол 8422 парвоз аз фурудгоҳи Душанбе


Масъулони Фурудгоҳи байналмиллаии Душанбе мегӯянд, ки дар соли 2013 дар аз фурудгоҳи Душанбе 8422 парвоз аз ин фурудгоҳ анҷом гирифтааст. Муҳаммадюсуф Шодиев-сухангӯи фурудгоҳи Душанбе 21-уми январ ба радиои Озодӣ гуфт, ки аз ин парвозҳо 7900 парвози доимӣ ва 122 парвози чартерӣ буданд. Ҳамчунин соли гузашта 1 228 869 нафар мусофирон аз ин фурудгоҳ истифода кардаанд. Интиқоли бор ва почта аз ин фурудгоҳ дар давоми сол зиёда аз 2268 тоннаро ташкил кардааст.

Муҳаммадюсуф Шодиев афзуд, дар ҳамкорӣ бо мутахассисони оҷонсии Ҷопон оид ба рушди байналмилалӣ «JICA» барномаи такмили фурудгоҳи Душанбе омода карда шудааст. Мутобиқи лоиҳа дар фурудгоҳи Душанбе бунёди терминали боркашонӣ ва харидории системаи фуруди автоматии ҳавопаймоҳо (ILS), насби системаи чароғакҳои роҳнамо барои фурудоии ҳавопаймоҳо (PALS) ҳудуди 15-20 млн доллар амалӣ карда мешавад.
XS
SM
MD
LG