Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Киев:42 тан аз осебдидаҳо дар бемористонанд


Мақомоти беҳдоштии пойтахти Украина гуфтанд, аз 103 нафари бар асари задухӯрди шаби душанбе дар маркази Киев осебдида 42 тан дар бемористон бистарӣ шудаанд.

Вазорати умури дохилии кишвар хабари боздошти ду корманди Радиои Озодӣ дар пойтахти Украинаро тайид намуд. Бар пояи хабарҳо, хабарнигорони бахши укроинии радиои мо ҳангоми боздошт мавриди латукӯб қарор гирифтанд.

Рӯзи якшанбе дар маркази Киев миёни эътирозгарон ва кормандони милиса бархӯрд ба вуқӯъ пайваст. Баъд аз ҳаштумин “вечеи мардумӣ” тақрибан ҳазор нафар талоши вуруд ба бинои парлумони Украинаро карданд. Ҷавонони ифротгаро сӯи милиса сангу шишаҳо бо маводи сӯхт андохтанд, дар посух кормандони ҳифзи тартибот аз гази ашковар, норинҷакҳои баландсадо ва мошинҳои обпош истифода бурданд.

Дар робита ба ҳаводиси рӯзи якшанбе парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.
XS
SM
MD
LG