Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Ансор-ас-Сунна" ба Олимпиадаи Сочӣ таҳдид мекунад


Гурӯҳи тундгарои "Ансор-ас-Сунна" масъулияти ҳамлаҳо дар шаҳри Волгогради Русияро бар ӯҳда гирифт ва таҳдид кард, ки дар Бозиҳои зимистонаи олимпӣ дар шаҳри Сочӣ ҳамлаҳои террористӣ анҷом хоҳад дод. Дар ин бора Deutsche Welle бо такя ба иттилоъ ва наворҳои видеоӣ дар сомонаҳои интернетии мусаллаҳони қафқозӣ хабар додааст. Дар наворҳо ду нафар, ки худро Сулаймон ва Абдураҳмон ном бурдаанд, бомб месозанд ва сипас силоҳ дар даст дар бораи омодагӣ барои ҳамла ба Олимпиадаи Сочӣ изҳорот пахш мекунанд.

Мақомоти амниятии Русия то ҳол ин изҳоротро ташреҳ накардаанд.

Охирҳои моҳи гузашта бар асари ду таркиш дар истгоҳи роҳи оҳан ва як троллейбус дар шаҳри Волгоград 34 нафар, аз ҷумла, ду шаҳрванди Тоҷикистон, ба ҳалокат расиданд. Тақрибан сад каси дигар захмӣ шудааст. Ба гуфтаи мақомоти тафтишотӣ, ҳарду ҳамлаи террористиро маргталабҳо анҷом додаанд.

Гурӯҳи «Ансор ас-Сунна» моҳи сентябри соли 2003 дар Ироқ ба хотири мубориза бо таҷовузи ИМА ва ҳузури нерӯҳои амрикоӣ дар кишвар таъсис шудааст.
XS
SM
MD
LG