Садҳо нафар эътирозгарон дар Киев-пойтахти Украина бо пулиси зидди тазоҳурот вориди даргирӣ шуданд. Ин даргириҳо дар ҳоле рух дод, ки даҳҳо ҳазор нафар рӯзи якшанбе дар маркази шаҳри Киев бар зидди қонуни нави зиддитазоҳуроти Украина ба эътироз баромаданд.
Эътирозгарон бо чӯбдастҳо ба пулис ҳамла бурданд, зеро пулис мехост онҳоро ба сӯи бинои порламон бибарад. Дар он ҷо нируҳои зиёди пулис саф ороста буданд ва автобусҳо низ оварда шуда буд. Норинҷакҳои дастии каркунанда ва ашкзои дудӣ ба кор бурда шуд.
Қонуни зидди тазоҳуротро Виктор Янукович-раиси ҷумҳур имзо кард ва он баргузории ҳар гуна тазоҳуроти эътирозии зиддидавлатиро маҳдуд мекунад.
Иттиҳодияи Аврупо ва Амрико ин қонунро зидди муқаррароти демократӣ арзёбӣ карданд. Мухолифони Украина мегӯянд, ки Янукович талош дорад дар кишвар “низоми диктаторӣ” ҷорӣ кунад.
Қонуни нави Украина ҳар гуна ҳамоиши иҷоза дода нашударо мамнуъ медонад ва барои ширкат дар чунин эътирозҳо барои ширкаткунандагон то 15 рӯзи ҳабсро пешбинӣ мекунад.