Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русияву Тоҷикистон мушкилотро баррасӣ мекунанд


Сангтуда-1
Сангтуда-1
Қарор аст рӯзҳои 22-24 январ кумиссиюни байниҳукуматии Русияву Тоҷикистон масъалаи муассисаҳои муштараки ҳар ду кишварро баррасӣ кунад. Дар ин бора Утоқи Тиҷоратии Русия дар Тоҷикистон ба Интерфакс хабар додааст.

Аз ҷониби Русия сарпарастии ҳайатро Игор Шувалов-муовини нахуствазир ва аз ҷониби Тоҷикистон сарпарастии ҳайатро Қоҳир Расулзода-нахуствазир бар уҳда хоҳанд дошт.

Гуфта мешавад, ки дар ин мулоқот вазъи кунунии ҳамкориҳои дуҷонибаи тиҷоративу иқтисодӣ, дурнамои ҳамкориҳо, аз ҷумла вазъи корхонаҳои Русия дар Тоҷикистон ва мушкилоти онҳо муфассал баррасӣ мешавад.

Намояндаи Утоқи Тиҷоратии Русия дар Душанбе гуфтааст, ки аз ҷаласаи ахири ин кумиссиюн дар соли 2010 то ҳол масъалаҳои зиёде барои баррасӣ ҷамъ шудааст. Пардохт накардани пули барқи “Сангтӯда-1” аз ҷумлаи онҳо ба шумор меравад.
XS
SM
MD
LG