Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар ҳамла ба корвон 20 нафар кушта шуданд


Дар шимоли Покистон ҳангоми ҳамла ба корвони мошинҳои низомӣ тақрибан 20 сарбоз кушта, ҳудуди 30 нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд. Ин ҳамла замоне сурат гирифтааст, ки корвон барои баромадан аз воҳиди низомӣ омодагӣ мегирифт.

Хабаргузории Associated Press гузориш додааат, ки дастгоҳи мунфаҷира дар як мошин кор гузошта шуда будааст ва он таркидааст. Аз сӯи дигар, хабаргузории Reuters бо такя ба манобеи расмӣ навиштааст, ки сабабҳои таркиш маълум нест.
Бино ба гуфтаи пулис, дар мошине, ки таркидааст, сарбозони ниманизомии Сипоҳи сарҳадӣ нишаста будаанд.

Минтақаи Вазиристони Шимолӣ маҳали буду боши Толибон ва гурзӯҳҳои муттааллиқ ба Ал Қоида мебошад.
XS
SM
MD
LG