Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

12 соли зиндон барои "ифротгароӣ"


Додгоҳи шаҳри Душанбе, як сокини Тоҷикистонро барои "фаъолиятҳои ифротгароёна" ба 12 соли зиндон маҳкум кард.

Масъулони додгоҳи шаҳри Душанбе рӯзи ҷумъаи 17-уми январ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ ин хабарро тасдиқ карда ва гуфтанд, ки "додгоҳ Шарифхоҷа Хушов, сокини шаҳри Душанберо дар узвият ба созмони "Ҳизбуттаҳрир" муҷрим шинохта ва нисбати ӯ ҷазои маҳрум кардан аз озодӣ ба муддати 12 солро раво донист."

Ин масъулон мегӯянд, Шарифхоҷа Хушов, моҳи октябӣри соли гузашта ба гумони узвият дар созмони "Ҳизбуттаҳрир" ва фаъолиятҳои ифротгароёна тавассути мақомоти ҳифзи ҳуқуқ боздошт шудааст.

12 сол ҳукми ҷавони гумон ба "ифротгароӣ"
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:37 0:00
Линки мустақим


Ин ҳам дар ҳоле, ки фаъолияти созмони "Ҳизбуттаҳрир" ҳануз соли 2001 аз суи Додгоҳи Олии Тоҷикистон дар қаламрави ин кишвар мамнуъ шуда буд.

Тибқи иттилои расмӣ танҳо дар соли 2013, 15 нафар ба иттиҳоми узвият дар созмони мамнуъи "Ҳизбуттаҳрир" ба солҳои мухталиф маҳкум ба зиндон шудаанд.

Аъзои «Ҳизби таҳрир» дар Тоҷикистон аз рӯи се моддаи Кодекси ҷиноии кишвар - 187 (ташкили иттиҳоди ҷиноӣ), 189 (барангехтани адовати миллӣ, нажодӣ, маҳаллӣ ва динӣ) ва 307 (даъвати оммавӣ барои зӯран тағйир додани сохти конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон) маҳкум ва зиндонӣ шудаанд.

Бино ба иттилои пайвандони онҳо, ҳудуди 500 узви ин ҳизб аз 5 то 10 сол ҳукм гирифта, ҳоло дар зиндонҳо умр ба сар мебаранд ва иддае ҳам дубораву себора маҳкум шудаанд.

"Ҳизбуттаҳрир", як созмони мамнӯъшуда дар Тоҷикистон аст, ки бунёди хилофати исломиро ба худ ҳадаф интихоб кардааст. Нахустин мавридҳои боздошт ва ба ҷазо кашидани аъзои он дар солҳои навадум иттифоқ афтодааст.

Масъулони мақомот мегӯянд, шумори аъзои зиндонии ин созмон дақиқ нест, вале дар ибтидо ин созмон бештар шаҳрвандони узбактабори Тоҷикистон, махсусан, қисмати шимоли ин кишварро ба худ ҷалб карда буд. Ҳоло мушоҳидаҳо нишон медиҳад, ки аъзои он дар бақия қаламрави кишвар ҳам даст ба фаъолиятҳои пинҳонӣ мезананд.
XS
SM
MD
LG