Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як варзишгари тоҷик ба Олимпиадаи Сочи меравад


Андрей Дригин, лижарони машҳур.
Андрей Дригин, лижарони машҳур.

Ду варзишгари Тоҷикистон – Андрей Дригин ва Алишер Қудратов меъёрҳои заруриро барои дарёфти роҳхатҳо ба Олимпиадаи Сочи-2014 иҷро карданд. Аммо ба яке аз онҳо роҳхат дода мешавад.

Ба барномаи Бозиҳои XXII зимистонаи олимпӣ , ки аз 7-ум то 23-юми феврал дар Сочи баргузор мешаванд, ҳафт намуди варзиш – биатлон, бобслей, кёрлинг, хоккей, чанаронӣ, конкитозӣ ва лижаронӣ дохиланд. Дар ин рӯйдоди бузургтарини варзишии соли равон намояндагони Тоҷикистон танҳо дар намуди лижаронии кӯҳӣ ширкат хоҳанд кард.

Баҳрулло Раҷабалиев, дабири кулли Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, лижарони пуртаҷриба Андрей Дригин, ки дар айни ҳол дар Аврупо тамрин мекунад, барои гирифтани роҳхат ба Олимпиадаи Сочи дар навъи слалом-гигант имтиёзҳои заруриро ба даст овард. Вай акнун барои дарёфти имтиёзҳои муқарраршуда барои ширкат дар навъи слалом талош дорад. Варзишгари дигари мо Алишер Қудратов, ки ҳоло дар Эрон тамрин мекунад, рӯзҳои 12-13-уми январ дар шаҳри Шемшак дар ду мусобиқаи интихобӣ дар навъи слалом ширкат карда, бо натиҷаҳои 1:56.85 ва 1:53.73 меъёрҳои муқарраршударо ба ҷо овард. Вай аз ин пеш дар шаҳри Дарбандсари Эрон дар ду мусобиқаи интихобӣ иштирок намуда, натиҷаҳои дилхоҳ ба даст оварда буд. Бояд гуфт, ки тасмими додани роҳхат ба Олимпиадаи зимистона дар намуди лижаронии кӯҳӣ ба яке аз ин ду варзишгари Тоҷикистон пас аз баррасии натиҷаҳои нишондодаи онҳо дар мусобиқоти интихобии олимпӣ аз ҷониби Федератсияи байналмилалии лижаронӣ ва Кумитаи байналмилалии олимпӣ гирифта мешавад.”

Бояд тазаккур дод, Андрей Дригин танҳо варзишгарест, ки Тоҷикистонро се бор дар Бозиҳои зимистонаи олимпии соли 2002 дар Солт-Лейк-Ситии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, соли 2006 дар Турини Италия ва соли 2010 дар Ванкувери Канада дар навъҳои мухталифи мусобиқаи лижаронии кӯҳӣ намояндагӣ кардааст.

Алишер Қудратов бошад, дар Олимпиадаи Ванкувер ба ҳайси таҷрибаомӯз иштирок дошт, вале дар мусобиқот ширкат наварзидааст. Вай соли 2011 дар Бозиҳои 7-уми зимистонаи осиёӣ дар пойтахти Қазоқистон - шаҳри Остона дар сабқати лижаронии кӯҳӣ дар навъи супер-гигант дар байни 24 нафар ҷои 11-умро касб карда буд.
XS
SM
MD
LG