Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сновден ба шӯрои мудирони Озодии Матбуот даромад


Эдвард Сновден
Эдвард Сновден
Эдвард Сновден-корманди пешини қарордодии Ожонси амнияти Миллии Амрико, ки асноди маҳрамро дар бораи назорат бар гуфтугӯҳои телефонӣ ифшо карда буд, ба шӯрои мудирони як созмони амрикоии озодии матбуот дохил шудааст.

Ин созмон, ки Freedom of the Press Foundation ё Бунёди Озодии Матбуот ном дорад, аз сӯи низомии пешини Амрико Даниел Элсбург ташкил шудааст. Ин низомӣ низ мисли Сновден дар солҳои 1970-ӯми қарни гузашта асноди маҳрами низомиро бо номи "Pentagon Papers" ё Ҳуҷҷатҳои Пентагон роҷеъ ба ҷанги Ветнам ифшо карда буд.

Дар ин бунёд ҳамчунин рӯзноманигорон Глен Гринволд ва Лора Пойтрас ҳастанд, ононе, ки аз Сновден асноди маҳрамро гирифта буданд.

Ҳоло Сновден дар Маскав паноҳанда аст ва дар Амрико барои ҷосусӣ муттаҳам шудааст.
XS
SM
MD
LG