Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нашрияи мустақили «Ҳафта» аз чоп баромад


Нахустин шумораи ҳафтаномаи ҷадид таҳти унвони «Ҳафта» имрӯз, 15-уми январ ба дасти хонанда расид. Ҳикматёри Ҳикматзод, сардабири ҳафтаномаи «Ҳафта» рӯзи 15-уми январ ба радиои "Озодӣ" гуфт, ки шумораи нахустини нашрия имрӯз бо теъдоди 1000 нусха аз дасти чоп баромад. Вай гуфт, ки "Ҳафта" нашрияи мустақили ҷамъиятӣ, сиёсӣ буда, қаблан бо номи «Овоза ва ҳақиқат» нашр мешуд. Аммо тавре ҷаноби Ҳикматёр меафзояд «Ҳафта» идомаи "Овоза ва ҳақиқат" набуда, масоили муҳими ҷомеаро бо мақолаҳои таҳлилию таҳқиқотҳои журналистӣ баррасӣ намуда, дар баробари зикри камбудию мушкилот роҳҳои ҳалли масъаларо низ нишон хоҳад дод.

Яке аз навиштае, ки дар шумораи имрӯз ба чоп расидааст, «Исфара -2014. Такрори соли 1992?» унвон дорад ва ҳамчунин ҳафтанома бо шоири тавонои тоҷик Мӯъмин Қаноат мусоҳиба анҷом додааст. Дар саҳифаи дигари он, ки мақолаи таҳлилии рӯзноманигор Раҷаби Мирзо таҳти унвони "Проблема 2022" ҷой дода шудааст.
Ҳафтаномаи «Ҳафта» дар Вазорати фарҳанги кишвар дар моҳи октябри соли гузашта сабти ном шудааст.
XS
SM
MD
LG