Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷанг бо тундравон дар Рамоди идома дорад


Нерӯҳои амниятии Ироқ мубориза алайҳи ҷангҷӯёни шарики Ал-Қоидаро дар шаҳрҳои Рамоди ва Фаллуҷа идома медиҳанд. Ба гузориши хабарнигори бахши ироқии Радиои Озодӣ, ҷангҳо дар шимолу ҷануби Рамодӣ сурат мегирад ва нерӯҳои амниятӣ ноҳияҳои Ал-Муболӣ, Ал-Ҷазира ва Ал-Холидияро муҳосира кардаанд. Аз тарси ин ҷангҳо 800 хонавода беҷо шуда ва дар 15 мактаб ҷой гирифтаанд. Артиши Ироқ мегӯяд, ки 8 ҷангҷӯи гурӯҳи тундгарои Давлати Исломии Ироқ ва Левант, як шарики Ал-Қоидаро куштанд. Ва айни замон дар ҳамлаву бобмгузориҳо дар Бағдод дасти кам 8 нафар кушта шудаанд.
XS
SM
MD
LG