Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Киштии 200 паноҳҷӯи судонӣ ғарқ шудааст


Бино ба гузоришҳо аз Судони Ҷанубӣ, киштии бештар аз 200 нафар паноҳҷӯе, ки аз ҷангҳои шаҳри Малокал гурехтанд, дар рӯди Нили Сафед ғарқ шудааст. Киштие, ки барои танҳо 80 мусофир пешбинӣ шуда буд, бинобар теъдоди зиёди одамон сарнагун шудааст. Бар асари фалокат, занону кудакон ҳам ҳалок шудаанд. Шӯришиён дар Судони Ҷанубӣ барои ишғоли шаҳри Малокал, дубора ба инҷо ҳамла кардаанд. Баъди оғози ҷангҳо дар Судони Ҷанубӣ дар рӯзи 15 декабр шаҳри мазкур ду маротиба аст, аз даст ба даст мегузарад. Дар ҷангҳо миёни пайравони муовини собиқи раиси ҷумҳури Судони Ҷанубӣ ва нерӯҳои вафодор ба Салва Киир, раиси ҷумҳури феълии ин кишвар, 1000 нафар кушта ва 400 ҳазор нафар ҳам паноҳанда шудаанд.
XS
SM
MD
LG