Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Масъалаи роҳи Туркманистону Тоҷикистон баррасӣ шуд


Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, раиси ҷумҳури Туркманистон, бо ҳайати расмии ҳукумати Иёлоти Муттаҳида, ба раҳбарии Нишо Дисай Бисвол, муовини вазири умури хориҷӣ, ҳамкориҳои дуҷонибаро баррасӣ кардааст. Ҳайъати Амрико барои ширкат дар муколамаи солонаи Иёлоти Муттаҳида ва Туркманистон ба Бишкек омадааст ва қарор аст, ин муколамаи дурӯза то 15 январ идома кунад. Ба навиштаи расонаҳои туркманӣ, ду тараф дар ин нишаст, авзоъ дар Афғонистони ҷангзада ва масъалаи бунёди лӯлаи гази Туркманистон-Афғонистон-Покистону Ҳинд ва ҳам бунёди роҳи оҳанеро баррасӣ кардаанд, ки қарор аст, Туркманистонро аз тариқи Афғонистон ба Тоҷикистон бипайвандад. Ҳамкориҳо ва тиҷорат дар арсаи энерживу кишоварзӣ, нақлиёт ва мухобироту маориф аз дигар масоили баҳс дар муколамаи дуҷонибаи ҳайатҳои Амрикову Туркманистон будааст.
XS
SM
MD
LG