Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ду узви Пусси Райот ба зиндон баргаштанд, вале...


Ду узви авфшудаи гурӯҳи Пусси Райот дар Русия ба зиндоне дар шаҳри Нижний Новгород баргаштанд, ки яке аз онҳо дар онҷо нигаҳ дошта мешуд. Ҳадафи бозгашти онҳо ҳимоят аз ҳуқуқи зиндониён будааст. Мария Алёхина чанд моҳи ҳукми зиндонашро дар Муассисаи Ислоҳии рақами 2 дар шаҳри Нижний Новгород адо карда буд. Ӯ ҳамроҳи Надежда Толоконникова барои мулоқот бо зиндониёне ба инҷо омадаанд, ки мегӯянд посбонон бо онҳо бадрафторӣ кардаанд. Алёхина ва Толоконниковаро соли 2012 барои хондани як суруди эътирозӣ алайҳи ҳукумати Русия дар як калисои Маскав бо гуноҳи авбошӣ ба ду солии зиндон маҳкум карданд. Ҳардуро моҳи декабр бар асоси қонуни афв раҳо карданд ва онҳо ваъда доданд, ки аз ин баъд барои ҳимояти ҳуқуқи зиндониён фаъолият хоҳанд кард.
XS
SM
MD
LG