Пайвандҳои дастрасӣ

Овозхони бадахшӣ ба даври нави "Ситораи афғон" роҳ ёфт (2 НАВОР)


Дар даври нӯҳуми озмуни "Ситораи афғон" ҳам таронаи намояндаи Бадахшон Довуди Пажмон баҳои арзандаи доваронро ба худ касб кард.

Довуди Пажмон, ки оҳангҳои дилкаши маҳаллии тоҷикони Афғонистонро иҷро мекунад, аз умедҳои аслии ин озмун ба ҳисоб меравад ва дар даври нӯҳуми ин озмун таронаи "Гоҳ-гоҳ мастам..."-ро тақдим кард.

Довуди Пажмон дар озмуни имсолаи «Ситораи афғон» дар марҳилаҳои қаблӣ бо сабки ба мардуми Бадахшон хос таронаҳо, аз ҷумла аз ашъори устод Рӯдакӣ ва Мавлонои Балхӣ тақдим карда буд.

Ҳамакнун ин озмун идома дорад ва то ин марҳала Довуди Пажмон аз тарафи доварони баҳои арзанда дарёфт карда ва ба даври баъдӣ роҳхат гирифтааст.

Озмуни «Ситораи афғон» бо ибтикори телевизион «Тулӯъ» сар аз соли 2005 баргузор мешавад ва ҳадафи он, кашф ва бозёфти ҷавонони боистеъдод дар Афғонистон мебошад.


Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG