Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Туман боз ҳам ҷадвали парвозҳоро дар Душанбе тағйир дод


Бинобар фаромадани тумани зич дар ҷадвали парвозҳои фурудгоҳи Душанбе тағйирот ворид гардид.

Маҳмадюсуф Шодиев, сухангӯи фурудгоҳи байналмиллаии Душанбе рӯзи 14-уми январ ба радиои Озодӣ гуфт, ки аз соати 19-и дирӯз фазои фурудгоҳи Душанберо тумани зич фаро гирифтааст. Туман боиси ворид намудани тағирот дар ҷадвали парвозҳо гардид. Ба гуфтаи Шодиев, ҳарчанд фурудгоҳи Душанбе барои қабул ва гусели ҳавопаймоҳо пурра омода аст, аммо нишастани ҳавопаймоҳо бо қарори сарнишинони ҳавопаймоҳо сурат мегирад. Ҳавопаймоҳое, ки шабона бояд дар фурудгоҳи Душанбе менишастанд, бинобар мутобиқ набудани меъёри биниш дар фурудгоҳҳои шаҳрҳои Хуҷанд ва Тошканд нишастанд.

Аз ҷумла рейсҳои №2879 хатсайри Санкт Петербург-Душанбе, №2923 Перм-Душанбе, №803 хатсайри Москва (Внуково)-Душанбе, №106 Дубай-Душанбе, № 628 хатсайри Москва (Домодедово)-Душанбе, № 4804 хатсайри Сочи-Душанбе дар фурудгоҳи Хуҷанд нишастаанд.

Рейси №885 хатсайри Санкт-Петербург-Душанбе ҳоло дар фурудгоҳи Тошканд (Узбекистон) қарор дорад.

Рейсҳои №2957 хатсайри Екатеринбург-Душанбе ва рейси №753 хатсайри Краснодар–Душанбе алъон аз фурудгоҳҳои худ парвоз накардаанд.

Рейси 738 Душанбе-Красноярск, ки бояд соати 21-30 рўзи гузашта парвоз мекард, мусоид шудани ҳаворо дар фурудгоҳи Душанбе интизор аст.

Бино ба иттилои ҳавосанҷҳо тумани ғафс дар фазои фурудгоҳи Душанбе эҳтимол то соатҳои 10-11 боқи монад. Масъулони фурудгоҳ мегӯянд бо барканор рафтани туман қабул ва парвози ҳавопаймоҳо шурӯъ хоҳанд шуд.
XS
SM
MD
LG