Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷон Керрӣ ва Лавров оташбаси Сурияро баррасӣ карданд


Амрико ва Русия имкони роҳандозии оташбас дар Сурияро дар остонаи музокироти сулҳ, ки қарор аст ҳафтаи оянда дар Шветсария баргузор шавад, баррасӣ карданд. Рӯзи душанбе Ҷон Керрӣ-вазири корҳои хориҷаи Амрико баъд аз музокирот бо Сергей Лавров-вазири корҳои хориҷаи Русия зимни суханони худ дар Порис гуфт, ки имкони оташбас дар шаҳри Ҳалаби Сурия вуҷуд дорад.

Ҷон Керрӣ ва Сергей Лавров изҳори умед карданд, ки ин оташбас то рӯзи оғози конфронс, яъне 22 январ эътибор пайдо хоҳад кард. Лавров ҳамчунин ҳимояти Русия аз Теҳрон дар музокироти ҳастаиро бори дигар таъкид кард.
XS
SM
MD
LG