Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бастани посгоҳҳои марзӣ то поёни расидагӣ


Посгоҳҳои марзӣ ва гумрукӣ дар марзи миёни Қирғизистону Тоҷикистон танҳо баъд аз барқарории суботи вазъ боз хоҳанд шуд. Дар ин бора Райимбердӣ Дуйшенбиев-иҷрокунандаи мақоми раиси Хадамоти марзбонии Қирғизистон ба матбуот хабар додааст.

Бино ба гуфтаи ин манбаъ, ҷониби Қирғизистон аз мақомоти расмии Тоҷикистон хостааст, то низомиёнеро, ки дар марз ба таҳрикот роҳ додаанд, ба муҷозот кашад.

Дуйшенбиев гуфтааст, ки посгоҳҳои марзӣ барои шаҳрвандони кишварҳои севвум боз мебошанд. Вай афзудааст, ки масъалаҳои мавриди баҳсро ҷонибҳо танҳо аз роҳи музокирот ҳал мекунанд ва аз ҳар ду ҷониб барои расидагӣ ба тирандозӣ гурӯҳи вижа ташкил шудааст.
XS
SM
MD
LG