Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Маскав дар хонаи Мусоев бозҷӯӣ анҷом доданд


Мурод Мусоев
Мурод Мусоев
Кумитаи тафтишотии Маскав гузоришҳоро дар бораи бозҷӯӣ дар хонаи Мурод Мусоев-ҳуқуқдони маъруфи чечен дар Маскав тасдиқ кард. Дар ин изҳорот сухангӯи Кумитаи тафтишотӣ гуфтааст, пулис дар робита бо парвандаи зидди вай, ки моҳи ноябр боз шуда буд, ин бозрасиро анҷом додааст.

Муродов ҳоло дар шаҳри Самара аст ва мегӯяд, ки субҳи рӯзи душанбе дар ғиёби вай пулис дар Маскав ба хонаи вай даромадааст. Моҳи ноябр Кумитаи тафтишот эълон кард, ки Мусоев ба таври расмӣ гумонбари ба мушкил рӯ ба рӯ кардани ҷараёни тафтишот дониста мешавад ва барои пинҳон доштани куштори пурсару садои Юрий Буданов-сарҳанги артиш талош кардааст ба шоҳидони айнӣ ришва диҳад.

Ҳамзамон Мусоев вакили мудофеи 5 гумонбар дар куштори рӯзноманигор Анна Политковская дар соли 2006 мебошад. Аммо Мусоев ин иттиҳомотро дорои ангезаи сиёсӣ медонад.
XS
SM
MD
LG