Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даргузашти академик Хуршед Каримов


Хуршед Каримов, академики Фарҳангистони улуми Тоҷикистон аз муҳаққиқони пуркори соҳаи биология ва химия буда, бар асари як бемории тӯлони рӯзи 13-уми январ аз олам чашм пӯшид. Академик Хуршед Каримов моҳи декабри соли 1935 дар Самарқанд дар хонаводаи муалифи аввалини китоби «Алифбо»-и тоҷикӣ Ҳилол Каримов ба дунё омада, пас аз хатми Донишгоҳи давлатии ба номи Ломоносови дар Донишкадаи ботаникаи РСС Тоҷикистон фаъолият худро оғоз кардааст. Баъдан ҳамчун ходими илмӣ дар бахши лабораторияи ғизодиҳй ва мубодилаи моддаҳои Шӯъбаи физиология ва биофизикаи растаниҳои Тоҷикистон кор кардааст. Хуршед Каримов муаллифи 150 асару мақолаҳои илмӣ мебошад, ки таҳқиқоти ӯ аслан соҳаи парвариши зироат ва ба хусус пахтапарвариро дар бар мегирад. Котиботи Академияи улуми Тоҷикистон хабар медиҳад, ки имрӯз соати 12:00 маросими видоъ бо академик Хуршед Каримов сурат хоҳад гирифт.
XS
SM
MD
LG