Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ариэл Шарон, нахуствазири собиқи Исроил, даргузашт


Ариэл Шарон, нахуствазири собиқи Исроил даргузаштааст. Шарони 85-сола, ки баъди бемории сактаи мағзӣ дар ҳашт соли пеш ба кома афтод ва дар чанд рӯзи ахир ҳолаш бадтар мешуд. Ариэл Шарон баъди пирӯзӣ дар интихоботи соли 2001, ба ҷойи Эҳуд Барак нахуствазири Исроил интихоб шуд. Ӯ агарчӣ яке аз маҳбубтарин раҳбарони сиёсӣ дар кишвараш буд, аммо манфуртарин раҳбари Исроил дар ҷаҳони араб ба ҳисоб мерафт. Дар Исроил аксарият умедвор буданд, ки генерали собиқ, ки сиёсатро пеш гирифт, метавонад, бо амн нигаҳ доштани Исроил, сулҳро низ биёварад, Аммо Ариэл Шаронро фаластиниҳо масъули куштори дастаҷамъӣ дар рустоҳои Сабра ва Шатилаи Лубнон медонанд, ки соли 1982 сурат гирифт ва аз ин сабаб ӯро Қассоб ном гузошта буданд.
XS
SM
MD
LG