Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оташсӯзӣ садҳо хонаро дар Тибет нобуд кард


Мақомоти расмии Чин мегӯянд, оташсӯзӣ дар як шаҳри бостонии Тибет, садҳо хонаву фурӯшгоҳро нобуд кардааст. Оташсӯзӣ дар шаҳри Дукезонг, дар вилояти Юнан, субҳи шанбе шурӯъ шуда ва даҳ соат идома кардааст. Гузорише дар бораи талафоти ҷонӣ нарасидааст, аммо ба навиштаи хабаргузории Синхуа, дар маҷмӯъ 242 хонаву мағоза ҳамроҳ бо ашёи бостонӣ ба коми оташ рафтааст. Аз маҳалли ҳодиса 2600 нафарро ба ҷойи амн интиқол додаанд. Сабабҳои оташсӯзӣ маълум нест. Шаҳри Дукезонг, ки 1000 сол дорад, маҳалли маҳбуб барои саёҳон ба ҳисоб меравад, ки умдатан барои дидани хонаҳои чӯбини он ва дидани фарҳанги қадимаи тибетиён ба онҷо меоянд.
XS
SM
MD
LG