Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Президенти Қирғизистон вазъ дар марзро баррасӣ кардааст


Алмосбек Отамбоев, раиси ҷумҳури Қирғизистон, ба Токон Мамитов, муовини нахуствазир дар масоили дифоъ, амният ва марз амр додааст, барои баррасии муноқиша дар сарҳад бо Тоҷикистон нишасте баргузор кунад. Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Қирғизистон гуфт, дар ин нишаст раҳбарони ниҳодҳои марбута ширкат хоҳанд кард ва муноқиша дар марз таҳти назари раиси ҷумҳур қарор дорад. Айни замон ба гуфтаи вазорати тандурустии Қирғизистон, теъдоди умумии марзбонони қирғиз, ки дар муноқиша захм бардоштаанд, ба 5 нафар расидааст. Рӯзи шанбе байни марзбонони тоҷику қирғиз дар қитъаи марзии Оқсой тирандозӣ ба вуқӯъ пайваст, ки дар натиҷа ду сарҳадбони тоҷик ҳам захмӣ шуданд. Мақомоти расмии ҳарду кишвар барои таҳқиқи вазъ ба маҳалли ҳодиса рафтаанд.
XS
SM
MD
LG