Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хароҷоти ФФТ дар соли 2013 – беш аз 4 миллион сомонӣ


Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) хароҷоти ташкилотро дар соли гузашта эълон кард.

Чунон ки дар сомонаи Федератсияи футболи Тоҷикистон нашр шудааст, соли 2013 даромади ФФТ 4 371 730 сомонӣ, хароҷоташ – 4 371 120 сомониро ташкил дод. Аз ҳама зиёд барои нигоҳ доштани дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон 2 106 501 сомонӣ масраф шудааст.

Нишондиҳандаҳои фаъолияти молию хоҷагии ФФТ дар соли 2013

Қисми даромад

Барномаҳои кӯмаки молии ФИФА – 1 241 054 сомонӣ
Барномаҳои кӯмаки молии АФК – 1 303 900 сомонӣ
Кӯмаки сарпарастон – 1 002 250 сомонӣ
Ҳаққи талабномаи бошгоҳҳои футбол – 735 577 сомонӣ
Даромад аз фурӯши билетҳо – 88 947 сомонӣ
Маблағи умумӣ – 4 371 730 сомонӣ

Қисми хароҷот

Хароҷот барои нигоҳ доштани дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон – 2 106 501 сомонӣ
Музди кори кормандони ФФТ ва мураббиён – 844 818 сомонӣ
Пардохти андозҳо – 240 271 сомонӣ
Мусобиқот ва чорабиниҳои ҷумҳуриявӣ – 381 999 сомонӣ
Хароҷоти футболи оммавӣ ва бачагона – 250 595 сомонӣ
Рушди техникӣ – 154 288 сомонӣ
Хароҷоти маъмурӣ – 316 795 сомонӣ
Хароҷот барои маркетинг ва реклама – 75 857 сомонӣ
Хароҷоти умумӣ – 4 371 120 сомонӣ
XS
SM
MD
LG