Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тасмим додгоҳи Фаронса роҷеъ ба Аблязов


Мухтор Аблязов
Мухтор Аблязов
Яке аз додгоҳҳои Фаронса тасмим гирифтааст, ки Мухтор Аблязов-норозии сиёсии Қазоқистонро, ки барои аз худ кардани 6 миллиард доллар муттаҳам дониста мешавад, ба Украина ё Русия истирдод мекунад. Гуфта мешавад, ки Аблязов ин пулҳоро дар давраи раёсаташ бар як бонки пешин бо номи БТА моли худ кардааст.

Аблязов 50 сол дорад. Як қозии додгоҳи Англия 18 моҳ пеш вайро барои беэҳтиромӣ ба додгоҳ маҳкум ба зиндон карда буд. Вай то он вақт ба таври махфӣ зиндагӣ мекард. Вале баъд аз ҳукми додгоҳ ҳоло дар зиндон ба сар мебарад. Вайро моҳи июл дар осоишгоҳи Канн боздошт карда буданд.
XS
SM
MD
LG