Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Озмуни беҳтарин аксу видеои ҷойҳои хушманзара


Раёсати кор бо ҷавонони шаҳри Душанбе миёни аккосон ва дӯстдорони пешаи аккосӣ озмуни «Сад акси беҳтарин, видеоролик ва слайдшоуи ҷойҳои сайёҳии Душанбе»-ро эълон кардааст. Созмондиҳандагони ин озмун гуфтаанд, ки новобаста аз он ки номи озмун танҳо Душанбе дар назар дошта шудааст, дар озмун акси иншооту ҷойҳои хушманзараи ҳамаи шаҳру навоҳоии Тоҷикистон қабул карда мешавад. Ба гуфтаи масъулон бо сабаби кам будани ҷойҳои ҷолиб барои сайёҳон дар Душанбе, тасмим гирифта шудааст, ки акси манзараҳои тамоми минтақаҳои кишвар қабул карда мешавад. Масъулони ин озмун мегӯянд, хоҳишмандон аксҳои худро то 15-уми январ ба озмун пешниҳод мекунанд ва рӯзи 20-уми январ натиҷаи озмун эълон карда мешавад.
Мақсад аз ин озмунро масъулон мусоидат дар рушди сайёҳӣ арзёбӣ мекунанд. Ба ғолибони озмун диплом ва тӯҳфаҳои моливу хотиравӣ тақдим карда мешавад.
XS
SM
MD
LG