Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷаласаи солонаи ҳукумат як рӯз идома мекунад


Қарор аст, ҷаласаи солонаи ҳукумати Тоҷикистон дар таърихи 15-уми январ баргузор шавад.

Масъулони дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон зимни таъйиди ин хабар дар сӯҳбат ба радиои "Озодӣ" гуфтанд, ки тибқи барнома баргузории ҷаласаи солонаи ҳукумат як рӯз дар назар гирифта шудааст. Ба гуфтаи манбаъ, интизор меравад, дар ин ҷаласа фаъолияти ҳукумати Тоҷикистон дар соли 2013 натиҷагирӣ ва дурнамои рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар мушаххас гардад.
Ҳамчунин ба гуфтаи ин манбаъ, раҳбарони вазорату идораҳо аз фаъолияти ниҳодҳои худ гузориш хоҳанд дод.

Ҳарчанд ин манбаъ аз ироаи ҷузъиёти бештар дар бораи ҷаласаи солонаи ҳукумат худдорӣ кард, аммо гуфта мешавад, бо таваҷҷӯҳ ба ташкили ҳукумати нав пас аз интихоботи президентии Тоҷикистон дар таърихи 6-уми ноябр ва тағйиротҳои кадрӣ дар вазорату идораҳо, қарор аст, ҷаласаи солонаи ҳукумат нисбат ба солҳои пеш маҳдудтар доир шавад. Тибқи таҷриба, дар солҳои пеш ҷаласаи солонаи ҳукумат ба таври густурда ва ҳатто муддати ду рӯз баргузор мешуд. Дар ҳамин ҳол манобеи дастгоҳи раёсати ҷумҳурӣ мегӯянд, дар ҷаласаи солонаи ҳукумат низ эҳтимоли тағйиротҳои кадрӣ вуҷуд хоҳад дошт, аммо ба таври назаррас анҷом нахоҳа шуд. Чун ба гуфтаи онҳо, аллакай раҳбарони аксарияти вазорату идораҳо аз нав таъйин шудаанд.

Дар ҳамин ҳол сар аз ҳафтаи оянда вазорату идораҳо натоиҷи фаъолияташонро ба хабарнигорон "ҳисобот" медиҳанд Нишастҳои матбуотии ҷамъбастии вазорату идораҳои Тоҷикистон рӯзи душанбеи 13-уми январ шурӯъ мешаванд. Маҳмудхон Сараев, як масъули бахши иттилоот ва таҳлили дастгоҳи раёсати ҷумҳури Тоҷикистон рӯзи чоршанбеи 8-уми январ зимни тасдиқи ин хабар ба радиои "Озодӣ" гуфт, ки "нишастҳои навбатии ҷамъбастии вазорату идораҳо ва муассисаҳои давлатӣ ба таърихи 13 январ оғоз шуда ва то 7 феврали соли ҷорӣ идома пайдо мекунад."

Ба гуфтаи ҷаноби Сараев, дар ин нишастҳо раҳбарони вазорату идораҳо, ҳамчунин муассисаҳои давлатӣ ва донишгоҳҳо дар мулоқот бо хабарнигорони расонаҳо аз фаъолияти ниҳодҳои худ дар соли 2013 натиҷагирӣ хоҳанд кард ва хабарнигорон низ имкон хоҳанд дошт, то ба суолоти худ посух гиранд.

Баргузории нишастҳои ҷамъбастии раҳбарони вазорату идораҳо ва муассисаҳои давлатӣ тибқи дастури Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон аз 4 марти соли 2005 ва ба гуфтаи мақомот ба хотири таъмини шафофияти фаъолияти ин ниҳодҳо ва дастрасии васоити ахбори омма ба иттилоот сурат мегирад.

Дар оғоз нишастҳои ҷамъбастии раҳбарони вазорату идораҳо дар се моҳ як маротиба доир мешуд, аммо баъан дар моҳи сентябри соли 2011 ба дастури раиси ҷумҳур тағйирот ворид гардид ва аз он замон то кунун нишастҳои ҷамъбастӣ соле ду маротиба, баргузор мешавад.

Мақомот баргузории ин нишастҳоро муассир арзёбӣ мекунанд, аммо нозирони умур ва иддае аз хаюарнигорон мегуянд, ки дар бештари ин нишастҳо шахсони аввали вазорату идораҳои давлатӣ ширкат намекунанд ва муовинони вазорату идораҳо танҳо ба ҳисоботдиҳӣ ва баёни дастовардҳои ниҳодҳояшон мепардозанд.
XS
SM
MD
LG