Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

СММ дар бораи талафот дар Сурия хабар нахоҳад дод


Созмони Милали Муттаҳид изҳор намуд, ки навсозии ахбор дар бораи талафот дар ҷанги дохилии Сурияро қатъ мекунад. Намояндаи Комиссариати олии СММ дар умури ҳуқуқи башар Роберт Колвилл рӯзи сешанбе дар ташреҳи ин тасмим гуфт, ки кормандони СММ дастрасӣ ба манотиқи даргириҳо ва имкони тафтиши иттилои дигар манбаъҳо дар бораи қурбониёну маҷрӯҳонро надоранд.

Моҳи июли соли гузашта СММ хабар дод, ки дар ҷанги шаҳрвандии Сурия беш аз сад ҳазор анфар ба ҳалокат расидаанд.
XS
SM
MD
LG