Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамлаи миллатгароён дар соли 2013 идома доштааст


Маркази таҳлиливу иттилоъотии Сова дар Маскав мегӯяд, дар давоми соли 2013 дар Русия кушторҳои нажодӣ идома доштаанд. Ин марказ, ки бар мавридҳои тундгароиву бегонаситезӣ назорат мебарад, дар гузориши ахири худ навиштааст, ки соли гузашта дар 32 минтақаи Русия 20 нафар дар ҳамлаҳои миллатгароён кушта, даҳҳо нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд.

Ҳамлаҳои маргбор дар Маскав сурат гирифтааст. Дар ин шаҳр бештар аз ҳар ҷои дигар, яъне 8 нафар ба дасти миллатгароён ба қатл расидаанд ва 50 нафари дигар маҷруҳ шудаанд. Шаҳри Санкт Петербург дар мақоми дуввум қарор гирифтааст. Дар ин шаҳр 3 нафар аз кишварҳои Осиёи Миёна ва Қафқоз ба дасти миллатгароён кушта шудаанд.

Дар ин гузориш ҳамчунин омадааст, ки дар Русия ҳамла ба занону мардони ҳамҷинсбоз ва аъзои ҷомеаи онҳо дар ҳоли афзоиш будааст.
XS
SM
MD
LG