Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрдуғон ба мурофиаи дубораи низомиён зид нест


Реҷеп Тайип Эрдуғон
Реҷеп Тайип Эрдуғон
Реҷеп Тайип Эрдуғон-нахуствазири Туркия гуфт, ки вай мухолифи мурофиаи дубораи афсарони низомӣ нест, афсароне, ки барои талоши сарнагунии ҳукумат маҳкум шудаанд. Садҳо нафар афсарон дар солҳои 2012 ва 2013 дар ҷараёни расидагӣ ба ду парвандаи пурсару садо маҳкум ба зиндон шуда буданд.

Додгоҳи таҷдиди назари Туркия моҳи октябр ҳукми афсарони бознишастаи боломақомро барои раҳбариашон ба талоши кудето дар як даҳсолаи пеш ба таъхир андохта буд.

Артиш ҳафтаи гузашта дар бораи парвандаҳои афсарони бознишаста ва дар ҳоли хидмат маълумот ҷамъоварӣ кард ва гуфт, ки иттиҳомоти зидди ин низомиён сохтаву бофта аст.

Эрдуғон ба хабарнигорон гуфтааст, ки барои онҳо мушкил нахоҳад буд, мурофиаи дубора барпо кунанд, агар барои ин кор заминаи қонунӣ вуҷуд дошта ошад.
XS
SM
MD
LG