Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав
Шабакаҳои иҷтимоӣ

Баъди 50 сол


Айзек Азимов, нависандаи асарҳои тахаюлӣ ва достонҳои фантастикӣ.
Айзек Азимов, нависандаи асарҳои тахаюлӣ ва достонҳои фантастикӣ.

Соли 1964 нависандаи маъруфи асарҳои тахаюлӣ ё достонҳои фантастикӣ Айзек Азимов дар яке аз достонҳои худ зиндагӣ дар соли 2014-ро пешгӯӣ карда буд.

Баъзе пешгӯиҳои ин нависандаи маъруф, аз қабили корбарӣ аз лавозимоти бидуни сим, 3D филмҳо ва сӯҳбат тавассути видео-телефонҳо амалӣ шуданд. Аммо баъзе пешгӯиҳои афсонавии ӯ, мисли мошинҳои парвозӣ ва ё зиндагӣ дар шаҳрҳои зеризаминӣ баъди 50 сол низ ҳамчунон дар тахайюл боқӣ монданд.

Айзек Азимов, муаллифи асарҳое мисли “I.Robot” ва “End of Eternity” 50 сол пеш тавонист баъзе пешрафтҳои муҳими зиндагии имрӯзии моро пешгӯӣ кунад. Ион Пирсон, муҳандис ва оядашиноси Британия низ бо шеваи Асимов зиндагӣ дар 50 соли баъдро пешгӯӣ мекунад.

Айзек Азимов навишта буд, афзоиши аҳолӣ дар соли 2014 инсонҳоро ба ҷустуҷӯӣ сарпаноҳ дар зери замин ва ё зери об водор мекунад. Аммо Пирсон мегӯяд, ки афзоиши босуръати аҳолӣ шаҳрнишиниро вусъат мебахшад ва ба бунёди шаҳрҳои бузурги дорои то 50 миллион аҳолӣ роҳ мекушояд:

“Як роҳи ҳалле, ки инсонҳо ҳоло меомӯзанд, бунёди биноҳои хеле ва хеле баландошёна аст, ки шояд километрҳоро дар бар бигиранд. Бунёди ингуна биноҳо ҳоло имкон надорад, зеро маводи сохтмонӣ ба андозае қавӣ нест, ки бори ин гуна сохтмонҳоро бардорад. Аммо то солҳои 2050 ва 2060 масолеҳи карбонасос истеҳсол мешавад, ки арзон хоҳанд буд ва мо метавонем ба бунёди биноҳои хеле баланд оғоз кунем.”

Бинобар пешгӯии Айзек Азимов, дар соли 2014 ғизои моро бояд “гаджетҳо” ё худкорҳо омода мекараданд. Онҳо ба хотири раҳо кардани инсонҳо аз ташвиши корҳои хонагӣ бояд барои инсонҳо тухбирён ва гӯштро кабоб мекарданд. Аммо “гаджетҳо” на дар ошхона, балки дар соли 2014 бештар ба иртиботи байни инсонҳо рабт доранд. Ион Пирсон мегӯяд, бо ин суръате, ки технологияҳо рушд мекунанд, абзорҳои оянда хеле хурд мешаванд, ба андозаи як тугмаи хурд, ки онро метавон дар гӯш овезон кард, чизе мисли “ороишоти дигитолӣ”.

Айзек Азимов муаллифи китоби “I.Robot” фоидаву зарари истифодаи роботҳоро баробар медид. Ин нависандаи фантаст аз бори маънавии истифодаи “роботҳои закӣ” ҳушдор дода буд. Аммо Ион Пирсон мегӯяд, Роботик ҳамон соҳаест, ки ҳоло хеле рушд кардааст ва дар оянда низ ончунон пешрафт хоҳад кард ва ба роботҳое, ки нависандаҳои фантаст дар асарҳои худ тасвир кардаанд ҳеҷ монандие нахоҳад дошт.

Пешгӯиҳои ӯ дар бораи истифодаи нирӯи энержӣ низ воқеъият надоштанд ва пойгоҳҳои нирӯи офтоб на дар даштҳои Аризона ва на дар даштҳои Қазоқистон бунёд нашуданд. Аммо Пирсон истифодаи нирӯи таҷдидшавандаро дар 50 соли дигар як бахши ҷудонашавандаи зиндагии инсонҳо медонад. Ҳамин тавр инсонҳо дар соли 2014 мошинҳои парвозӣ низ истеҳсол накарданд. Аммо Пирсон пешгӯӣ мекунад, ки дар соли 2065 ронандаҳо аз мошинҳои электронӣ истифода хоҳанд кард ва ҳамчунон ба роҳҳои наздик хоҳанд буд.

Азимов дар китоби худ навишта буд, ки дар соли 2014 равоншиносӣ аз ҳама бахшҳои тибб муҳимтар мешавад, зеро инсонҳои хаста аз зиндагии “автоматӣ” ба кӯмаки равоншинос ниёз хоҳанд дошт. Аммо Оан Пирсон мегӯяд, абзорҳои автоматӣ зиндагии инсонҳоро осон карда роҳи онҳоро барои эҷодкорӣ боз кардааст.

Пешгӯии зиндагии ояндаҳо на танҳо дар асарҳои нависандаҳои фантаст, балки дар наққошиҳои рассомон низ пешгӯӣ шудааст. Дар соли 1899 як наққоши фаронсавӣ зиндагии инсонҳоро дар қарни 21 ба риштаи тасвир кашид. Тасвирҳои Ҷин Марк Кот ва расcомони дигар он замон танҳо як утопия ва ё хаёле беш набуданд. Аммо аксари онҳо амалӣ шуданд.

XS
SM
MD
LG