Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муҳлати таъйинкардаи Амрико поён ёфт, аммо Карзай имзо накард


Сенаторҳои амрикоӣ зимни нишасти хабарӣ дар сафорати Амрико дар Кобул.2-юми январи соли 2014.
Сенаторҳои амрикоӣ зимни нишасти хабарӣ дар сафорати Амрико дар Кобул.2-юми январи соли 2014.

Соли 2013 поён ёфт ва муҳлати додаи Вошингтон ба Кобул барои имзои созишномаи амниятӣ миёни Амрико ва Афғонистон ба поён расид, аммо Ҳомиди Карзай ҳанӯз онро имзо накардааст.

Аммо як ҳайати сенафараи Конгресси Амрико мегӯянд, ки дар иртибот бо имзои мувофиқатномаи амниятӣ ва дифоӣ миёни Афғонистон ва ИМА ихтилофоти каме боқӣ монда ва он ба зудӣ имзо хоҳад шуд. Ҳайати Конгресси Амрико пас аз дидор бо раиси ҷумҳури Афғонистон Ҳомид Карзай дар Кобул гуфт, ки мувофиқатномаи амниятӣ ва дифои миёни ду кишвар дар чанд рӯз ё чанд ҳафтаи оянда ба имзо хоҳад расид. Ин сенаторон мегӯянд, ки равобити Амрико ва Афғонистон дар марҳилаи ҳассос қарор дорад ва дар ин шароит имзои тавофуқномаи амниятӣ ва дифоӣ аҳамияти ҳаётӣ дорад.

Ҷон Меккейн, яке аз аъзои ин ҳайат гуфт, ки дар дидор бо раиси ҷумҳури Афғонистон бисёре аз ихтилофот дар мавриди мувофиқатномаи амниятӣ ҳамвор шудаанд: "Мо фикр мекунем, ки ин мувофиқатнома барои Афғонистон ва барои амнияти минтақа аҳамияти ҳаётӣ дорад. Мо ихтилофҳо дорем. Дар мулоқот бо раиси ҷумҳур Карзай дар мавриди ихтилофоти зиёде сӯҳбат кардем. Ман фикр мекунам, ки ин ихтилофот камтар шудааст. Ин бисёр муҳим аст, ки ба ивази таъхир, мувофиқатномаро зуд имзо кунем. Намехоҳем чизеро, ки дар Ироқ гузашт, дар Афғонистон такрор шавад. Мо онҷо ҷангидем, вале сулҳро аз даст додем. Зеро мо ҳама нерӯҳои худро аз он кишвар хориҷ сохтем."

Пас аз баргузории Лӯи Ҷиргаи машваратӣ, ин шашумин мақоми баландпояи амрикоӣ аст, ки барои гуфтугӯ бо мақомҳои афғон дар мавриди созишномаи амниятӣ, ба Кобул омадаанд. Дар ҷараёни ду моҳи гузашта, вазирони дифоъ ва хориҷии Амрико, мушовири амнияти миллии ин кишвар ва намояндаи вижаи Амрико барои Афғонистон ва Покистон, ба Кобул сафар кардаанд.

Ҳарчанд Лӯи Ҷиргаи машваратӣ мувофиқатномаи амниятӣ ва дифоиро таъйид кард, аммо раиси ҷумҳури Афғонистон Ҳомид Карзай гуфт, то вақте, ки Амрико шартҳои ҳукумати кишварашро напазирад, ин санадро имзо нахоҳад кард. Раёсати ҷумҳури Афғонистон ҳафтаи гузашта гуфта буд, ки аз миёни шартҳои ҳукумати Афғонистон, Амрико ду шартро қабул кардааст.

То кунун маълум нест, ки созишномаи амниятӣ кай ба имзо хоҳад расид, аммо Линдсей Граҳам, сенатори амрикоӣ гуфтааст, бидуни имзои санади амниятӣ ва дифоӣ, боқӣ мондани нерӯҳои амрикоӣ ва ваъдаи кӯмаки Амрико ба нерӯҳои афғон имкон нахоҳад дошт. Хароҷоти солонаи нерӯҳои амниятии Афғонистон ба панҷ миллиард доллар мерасад ва барои ҳимояти нерӯҳои афғон Амрико ваъда намудааст, ки солона 2,3 миллиард долларро ба ин кишвар медиҳад. Бидуни мувофиқатномаи амниятӣ, мушкил хоҳад буд, ки Конгрес ин маблағро барои Афғонистон ихтисос диҳад.

Аммо раёсати ҷумҳури Афғонистон мегӯяд, ки Ҳомид Карзай дар дидораш бо ин сенаторони амрикоӣ, бори дигар ба шартҳои ҳукуматаш таъкид кардааст. Дар хабарномаи раёсати ҷумҳури Афғонистон ба нақл аз Ҳомид Карзай гуфта шудааст, ки ин мувофиқатнома замоне имзо хоҳад шуд, ки дар ин кишвар сулҳ ва амният барқарор шавад.

Бо ин ҳол коршиносон сафарҳои пайдарпайи мақомҳои амрикоӣ ба Кобулро навъе фишор хонда ва мегӯянд, Амрико талош дорад то мувофиқатномаи амниятӣ пеш аз интихоботи раёсати ҷумҳури Афғонистон ба имзо расад. Интихоботи раёсати ҷумҳури Афғонистон моҳи апрели соли равон баргузор мешавад.
XS
SM
MD
LG