Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷанг бо тундравон дар Ироқ идома кард


Маъмурони амниятии Ироқ ҷанг бо садҳо тундрави исломиро идома медиҳанд, ки гӯшаҳое аз ду шаҳри кишварро ишғол кардаанд. Бино ба гузоришҳо, гурӯҳҳои мусаллаҳ аз Созмони Давлати Исломии Ироқ ва Левант, рӯзи панҷшанбе баъзе аз қисматҳои шаҳрҳои Фалуҷҷа ва Рамодиро дар вилояти Анбор ба даст оварданд. Бар тибқи гузориши хабаргузории Франс Пресс, ҷанг бо ин тундравон дар шаҳри Фалуҷа фӯру нишастааст, аммо ҳоло маълум нест, ки маъмурони амниятӣ назорати тамоми шаҳрро ба даст гирифтаанд, ё не. Ҷанг дар вилояти умдатан суннинишини Анбор рӯзи ҷумъа баъди он шурӯъ шуд, ки нерӯҳои амниятии Ироқ, тазоҳуротеро дар назди Рамодӣ пароканда карданд. Дар берун аз вилояти Анбор дар таркиши мошини бомбгузоришудае дар шаҳри Балад Рӯз дар 70 километрии шимолушарқи Бағдод, дасти кам 19 нафар кушта ва 37 тани дигар маҷрӯҳ шуданд.
XS
SM
MD
LG