Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Талоши варзишгарони тоҷик барои роҳхатҳо ба Олимпиадаи Сочи-2014


Варзишгарони тоҷик барои ба даст овардани роҳхатҳо ба Бозиҳои XXII зимистонаи олимпӣ, ки аз 7-ум то 23-юми феврал дар Сочи баргузор мешаванд, талош доранд.

Ба барномаи Олимпиадаи зимистона 7 намуди варзиш – биатлон, бобслей, кёрлинг, хоккей, чанаронӣ, конкитозӣ ва лижаронӣ дохиланд.

Дар ин рӯйдоди бузургтарини варзишии соли 2014 намояндагони Тоҷикистон танҳо дар намуди лижаронии кӯҳӣ ширкат хоҳанд кард.

Баҳрулло Раҷабалиев дар бораи Сочи-2014
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:06 0:00
Линки мустақим

Баҳрулло Раҷабалиев, дабири кулли Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, “ҳоло ду варзишгари мо - Андрей Дригин ва Алишер Қудратов барои ба даст овардани роҳхатҳо ба Олимпиадаи зимистона дар намуди лижаронии кӯҳӣ мубориза мебаранд. Кумитаи байналмилалии олимпӣ барои онҳо стипендия ё идрорпулии олимпӣ муқаррар кардааст. Ба ҳарду ҳар моҳ ба маблағи якуним ҳазор долларӣ дода мешавад. Дарвоқеъ, барои ба даст овардани роҳхат ба Олимпиадаи зимистона дар намуди лижаронии кӯҳӣ варзишгар бояд ҳадди ақал дар панҷ мусобиқаи интихобӣ ширкат варзад. Ба лижарони пуртаҷриба Андрей Дригин, ки дар айни ҳол дар Аврупо тамрин мекунад, барои гирифтани роҳхат ба Олимпиадаи Сочи дар як-ду мусобиқаи интихобӣ ширкат кардан кофист. Вале Алишер Қудратов бояд боз камаш дар се-чор мусобиқаи интихобӣ, ки дар Эрону Туркия баргузор мешавад, иштирок намояд. Дар ҳамин ҳол вай дар Эрон машқ мекунад.”

Бояд тазаккур дод, Андрей Дригин танҳо варзишгарест, ки Тоҷикистонро се бор дар Бозиҳои зимистонаи олимпии соли 2002 дар Солт-Лейк-Ситии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, соли 2006 дар Турини Италия ва соли 2010 дар Ванкувери Канада дар навъҳои мухталифи мусобиқаи лижаронии кӯҳӣ намояндагӣ кардааст.

Алишер Қудратов бошад, дар Олимпиадаи Ванкувер ба ҳайси таҷрибаомӯз ширкат дошт, вале дар мусобиқот ширкат наварзидааст. Вай соли 2011 дар Бозиҳои 7-уми зимистонаи осиёӣ дар пойтахти Қазоқистон - шаҳри Остона дар сабқати лижаронии кӯҳӣ дар навъи супер-гигант дар байни 24 нафар ҷои 11-умро касб карда буд.
XS
SM
MD
LG