Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Соли 2013 "хушунатбортарин соли Ироқ" дар 5 соли гузашта


Созмони Миллали Муттаҳид рӯзи 1-уми январ бо интишори як гузориш эълом кард, ки Ироқ дар соли 2013 шадидтарин хушунатҳои панҷ соли гузаштаро таҷриба кардааст ва дар ин сол наздик ба 8900 ироқӣ кушта шудааст.

Ба гузориши хабаргузории Фаронса, ҳайати кории Созмони Миллал дар Бағдод рӯзи чоршанбеи 1-уми январ эълом кард, ки дар соли 2013 7818 шаҳрванди Ироқ кушта шудаанд, ки бо шумули нерӯҳои амниятӣ ин рақам ба 8868 мерасад.

Ба гуфтаи ин ҳайат танҳо дар моҳи охирни соли сипаришуда - декабр 759 ироқӣ кушта шудааст.

Соли 2008 шумораи шаҳрвандони кушташудаи Ироқ 6787 нафар будааст, ки шумора дар соли 2013 то ба 1031 нафар зиёд шудааст.

Ин омори Созмони миллал дар ҳоле эълон шудааст, ки созмони Iraq Body Count, ки мақараш дар Бритониё аст, рӯзи чоршанбе шумораи шаҳрвандони кушташудаи Ироқро дар соли 2013 9475 нафар гуфта, ин оморро дар соли 2008 ба 10130 нафар арзёбӣ кардааст.

Аммо ҳукумати Ироқ мегӯяд дар соли 2013 7154 шаҳрванд бо шумули нерӯҳои амниятӣ ва шубанизомиён кушта шудаанд.

Коршиносон сабаби аслии қатл ва хушунатро дар ин кишвар дар норозигии ақалияти суннимазҳабон дар Ироқ ва ҷанги дохилӣ дар Сурия медонанд. Дар айни ҳол ба гуфтаи хабаргузории Фаронса дар соли 2013 шуббанизомиён бештар сокинони ғайринизомиро дар ин кишвар ҳадаф қарор додаанд.

Николай Милоднов, фиристодаи Созмони миллал ба Бағдод, рӯзи чоршанбе нисбати шумораи шаҳрвандони кушташудаи Ироқ ибрози андеша кардааст. Вай таъкид кард, ки мақомоти Ироқ бояд ҳарчӣ зудтар барои пешгирии ин хушунат гом бардоранд.
XS
SM
MD
LG