Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷасади қурбониёнро ба Тоҷикистон интиқол медиҳанд


Вокзали роҳи оҳани Волгоград
Вокзали роҳи оҳани Волгоград
Сафорати Тоҷикистон дар Маскав Ҳукмиддин Раҳмонов-корманди масъули консулгарии худро 1 январи соли 2014 ба Волгоград мефиристад, то ҷасади Раҳмоналӣ Ғозиев ва Тошпулод Назаров-қурбониёни бамгузории шаҳри Волгоградро бо хешовандонашон ба Маскав ва аз он ҷо бо ҳавопаймо ба Душанбе интиқол диҳанд.

Муҳаммади Эгамзод-намояндаи расмии сафорати Тоҷикистон дар Маскав дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, ин корманди масъули консулгарӣ дар таҳияи ҳуҷҷатҳои лозима ба хешовандони қурбониён кӯмаки ҳуқуқӣ хоҳад расонд.
Оқои Эгамзод гуфт, сафорати Тоҷикистон масъалаи кӯмак ба хешовандони қурбониён ва интиқоли ҷасади онҳо ба Ватанро зери назорат дорад.

Қарор аст ҳукумати Русия ба хонаводаи ҳар шаҳрванди қурбоншуда як миллион рубли Русия ва раҳбарияти вилояти Волгоград низ аз ҷониби худ як миллион рубли дигар кӯмак кунанд. Ба афроде, ки дар ду бамгузории Волгоград осеб дидаанд, 200 ҳазор рублӣ кӯмак мекунанд.

Тошпӯлод Назаров ва Раҳмоналӣ Ғозиев дар бамгузории 29 декабр дар вокзали роҳи оҳан кушта шуданд. Тошпӯлод дар маҳали ҳодиса ҷон дод ва Раҳмоналӣ шаби 30 ба 31 декабр аз ҷароҳатҳои вазнин дар бемористон даргузашт.
XS
SM
MD
LG