Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамоиши хабарнигорони варзишӣ дар Душанбе


Дар ҳамоиши хабарнигорони соҳаи варзиши Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе мавсими соли 2013 натиҷагирӣ шуд.

Дар ин ҳамоиш Баҳрулло Раҷабалиев, дабири кулли Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, ба хабарнигорони варзишии кишвар барои ҳамкориҳои пайваста бо ин кумита ва тарғиби ҳаракати олимпӣ изҳори сипос намуда, онҳоро бо фарорасии Соли нави 2014 табрик гуфт.

Баъдан ҷаноби Раҷабалиев дар бораи натоиҷи ширкати варзишгарони тоҷик дар мавсими соли 2013 иттилоъ дод. Вай гуфт, «45 варзишгари тоҷик соли равон дар Универсиадаи 27-уми ҷаҳонии тобистона, ки аз 29-уми июн то 7-уми июл дар Қазони Русия баргузор шуд, ширкат карда, 5 медал (2 нуқра ва 3 биринҷӣ) ба даст оварданд. Абдуазим Бойназаров дар гуштии камарбандӣ дар рақобатҳо дар вазни то 68 кг бо
услуби озод миёни мардон барандаи медали нуқра гардид. Дар ин навъи рақобатҳо дар вазни то 62 кг байни мардон гуштигири дигари тоҷик Маҳмад Миров бо медали биринҷӣ сарфароз гашт. Гуландом Қаробоева дар сабқати занон дар рақобатҳо дар вазни то 76 кг бо услуби озод бо медали биринҷӣ мукофотонида шуд. Комроншоҳи Устопириён дар риштаи самбо дар рақобатҳо дар вазни то 90 кг бо медали нуқра сарфароз гашт. Медали 5-уми Тоҷикистонро Нусратшоҳ Имомов овардааст. Вай дар рақобатҳо оид ба самбо дар вазни то 74 кг бо медали биринҷӣ мукофотонида шуд. Мунтахаби Тоҷикистон дар байни 67 кишваре, ки соҳибони медалҳо гардиданд, дар мақоми 44-ум қарор гирифт.”

Ба иттилои ҷаноби Раҷабалиев варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои IV осиёӣ дар иншооти сарпӯшида ва ҳунарҳои размӣ, ки аз 29-уми июн то 6-уми июл дар шаҳри Инчони Кореяи Ҷанубӣ баргузор шуданд, 4 медал (1 тилло, 2 нуқра ва 1 биринҷӣ) ба даст оварданд. Вай афзуд, “дар ин бозиҳо беш аз дуним ҳазор варзишгари 45 кишвари қора аз рӯи 11 намуд рақобат карданд. Ба ҳайати мунтахаби Тоҷикистон 23 варзишгар шомил буд, ки онҳо дар чаҳор навъи варзиш – гуштии кураш, кикбоксинг, каратэ муайтай ва E-спорт (варзиши электронӣ) ширкат варзиданд. Дар ин бозиҳо мусобиқот аз рӯи он намудҳое барпо гардид, ки ба барномаи Бозиҳои олимпӣ шомил нестанд, вале хеле шавқангезу ҷолибанд. Паҳлавони маъруфи тоҷик Парвиз Собиров дар намуди гуштии кураш дар рақобатҳо дар вазни беш аз 90 кг ба унвони қаҳрамони бозиҳо даст ёфт ва бо медали тилло сарфароз гашт. Гуштигири дигари тоҷик Саидҷалол Саидов дар вазни то 90 кг мақоми дувумро касб кард ва соҳиби медали нуқра шуд. Ду медали дигарро варзишгарони тоҷик дар сабқати кикбоксинг миёни занон ба даст оварданд. Зӯҳро Холова дар навъи Low Kick (kj rbr) дар вазни то 52 кг бо медали нуқра ва Ганҷина Хабибуллоева дар навъи Point Fighting (поинт файтинг) дар вазни то 55 кг бо медали биринҷӣ мукофотонида шуданд. Мунтахаби Тоҷикистон дар байни 30 кишваре, ки соҳибони медалҳо гардиданд, дар мақоми 16-ум қарор гирифт.”

Бозиҳои дувуми осиёии наврасон, ки аз 16-ум то 24-уми август дар шаҳри Нанҷинги Чин доир шуданд, барои варзишгарони ҷавони тоҷик санҷише буд пеш аз Бозиҳои дувуми тобистонаи олимпии наврасон, ки соли оянда дар Нанҷинги Чин баргузор мешаванд.

«Мо аз натоиҷи ба даст овардаи варзишгарони худ дар ин бозиҳо қаноатмандем. Дар ин Бозиҳо 9 варзишгари тоҷик дар чор намуд – дзюдо, вазнабардорӣ, шиноварӣ ва варзиши сабук рақобат карда, ду медал - як нуқра ва як биринҷӣ гирифтанд. Бахусус аз дастовардҳои гурзандоз Зоир Шералиев (медали нуқра) ва дзюдочӣ Фаррухи Салим (медали биринҷӣ) хеле хушҳол шудем», - гуфт Б. Раҷабалиев.

Дар Бозиҳои III варзишии авруосиёии наврасон, ки аз 15-ум то 20-уми сентябр дар шаҳри Алмаатои Қазоқистон бо тасмими кумитаи ҳамгироии Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё баргузор шуданд, варзишгарони навраси солҳои таваллудашон 1996 - 2000-ум аз Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия ва Тоҷикистон ширкат доштанд. Ба барномаи Бозиҳо 13 навъи варзиш дохил буд.

Ба гуфтаи Баҳрулло Раҷабалиев мунтахаби Тоҷикистон бо 73 медал, аз он ҷумла 3 нишони тилло дар зинаи панҷум ҷойгир шуд, вале аз рӯи шумораи умумии медалҳо Тоҷикистон аз Беларус пеш гузашт.

Паҳлавонони навраси тоҷик - Темур Раҳимов дар вазни то 90 кг ва Ардашер Мирзоев дар вазни +90 кг дар сабқати дзюдо ва Эмомҷон Камолов дар гуштии кураши қазоқӣ дар вазни то 81 кг бо медалҳои тилло сарфароз гаштанд.
Ҷаноби Раҷабалиев, инчунин, ба хабарнигорон гуфт, «тибқи дастуру супоришҳои президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни мулоқоташ бо варзишгарону кормандони соҳа 20-уми декабри соли 2010 баён гардидаанд ва дар доираи татбиқи Барномаи рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш барои солҳои 2011-2015 дар ду соли ахир дар ҷумҳурӣ бо харҷи 250 миллион сомонӣ наздики 2500 иншооти варзишӣ сохта, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.»

Ҷаноби Раҷабалиев ба хабарнигорон дар бораи нақшаҳои Кумитаи миллии олимпӣ, ки ба он раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон сарварӣ мекунад, барои соли 2014 иттилоъ дод.

"Соли оянда, - иброз дошт Б. Раҷабалиев, - варзишгарони тоҷик ба ҷуз мусобиқоти ҷаҳониву қитъавӣ ва байналмилалӣ, дар бузургтарин чорабиниҳои варзишӣ ширкат хоҳанд кард. Дар айни ҳол ду варзишгари мо – Андрей Дригин ва Алишер Қудратов барои ба даст овардани роҳатҳо ба Бозиҳои XXII зимистонаи олимпӣ, ки аз 7-ум то 23-юми феврали соли 2014 дар Сочи баргузор мешаванд, дар намуди лижаронии кӯҳӣ талош доранд. Варзишгарони ҷавони тоҷик аз 16-ум то 28-уми август дар Бозиҳои дувуми тобистонаи олимпии наврасон, ки дар Нанҷинги Чин доир мешаванд, иштирок мекунанд. Ҳайати бузурги варзишии кишвар соли оянда дар Бозиҳои XVII осиёӣ, ки аз 19-уми сентябр то 4-уми октябр дар шаҳри Инчони Кореяи Ҷанубӣ барпо мегарданд, ширкат меварзанд.”

Дар ин ҳамоиш раиси Ассотсиатсияи журналистони риштаи варзиши Тоҷикистон Нарзулло Латифов ба намояндагони расонаҳои хабарии кишвар гуфт, бар асоси назархоҳии хабарнигорони соҳа варзишгари маъруфи тоҷик, гурзандоз Дилшод Назаров беҳтарин варзишгари сол эълон шуд. Вай афзуд, “Дилшод Назаров имсол дар мусобиқоти байналмилалӣ оид ба варзиши сабук аз силсилаи “IAAF World Challenge” дар Олмон медали тилло ба даст овард. Ӯ дар ин мусобиқа гурзро ба масофаи 80 метру 71 сантиметр ҳаво дод, ки ин натиҷа рекорди нави шахсии Дилшод дар мусобиқоти байналмилалист. Вай дар чунин мусобиқа дар Бразилия низ соҳиби медали тилло шуд. Инчунин Дилшод дар мусобиқоти байналмилалии “Seiko Golden Prix” дар Ҷопон бо медали нуқра сарфароз гашт. Ӯ дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон дар Маскав ба даври ниҳоӣ роҳ ёфт ва бо натиҷаи 78 метру 31 сантиметр дар байни панҷ нафар беҳтарин гурзандозҳои ҷаҳон ҷой гирифт. Бояд гуфт, ки ин беҳтарин натиҷаи имсола миёни варзишгарони Тоҷикистон дар чемпионати ҷаҳон байни бузургсолон дар намуди олимпист. Дилшод Назарови 31-сола имсол, ҳамчунин, дар Ҳиндустон боз ба унвони қаҳрамони Осиё даст ёфт. Дарвоқеъ, Дилшод ягона варзишгари Тоҷикистон аст, ки соли 2013 дар чемпионати Осиё дар намуди олимпии варзиш медали тилло ба даст овардааст.”

Ба иттилои Н. Латифов ба рӯйхати 10 варзишгари беҳтарини сол Комроншоҳи Устопириён (гуштии кураш, самбо ва дзюдо), Алишер Аҳмадов (кикбоксинг (WAKO) ва таэквон-до ИТФ), Саидҷалол Саидов (гуштии кураш), Искандари Рустам (гуштии озод), Наврӯз Ҷафоев (бокс), Абдуазим Бойназаров (гуштии камарбандӣ), Зӯҳро Холова (кикбоксинг (WAKO), Меҳрангез Алиева (таэквон-до ИТФ) ва Акмал Қодиров (армрестлинг) дохил шуданд.

“Вале, мутаассифона, ягон варзишгари Тоҷикистон соли 2013 дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон дар навъҳои олимпӣ медал ба даст наовардааст,” – иброз дошт Н. Латифов.
XS
SM
MD
LG