Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таркиши навбатӣ дар Волгоград 10 нафарро кушта барҷой гузошт


Дар шаҳри Волгогради Русия таркиши навбатӣ рух дод, ки тибқи охирин хабарҳо 10 нафар кушта шудааст.

Таркиши навбатӣ рӯзи 30-юми декабр дар троллейбус рух додаст, ки дар назикии бозор ҳаракат мекардааст. Тавре мақомоти Русия гуфтаанд, дар таркиш 15 нафари дигар, аз ҷумла кӯдакон ҷароҳат бардоштаанд.

Ба гуфтаи мақомоти Русия таркиш соати 8-23 дақиқа ба вақти маҳаллӣ рух додаст. Шиддати таркиш сахт арзёбӣ мешавад, ки аз троллейбус танҳо оҳанпора боқӣ мондааст ва 10 нафари дар дохили нақлиёт буда ба ҳалокат расидаанд. Ному насаби кушташудаҳо ва ҷароҳатбардоштаҳо то ҳол эълон нашудааст.

Давоми як шабонарӯз ин дувумин таркиш аст, ки дар Волгоград рух медиҳад.

Таркиши аввалин рӯзи 29-уми декабр дар вокзали ин шаҳр рух дода буд. Бино ба хабарҳо, рӯзи 29 декабр бар асари таркиш дар вокзали роҳи оҳани шаҳри Волгоград, дар ҷануби Русия, дастикам 18 нафар, аз ҷумла як шаҳрванди Тоҷикистон кушта ва шумори бештари мардум захмӣ шуданд. Дар миёни захмишудаҳо як шаҳрванди Тоҷикистон ҳам ҳаст. Кумитаи зиддитеррористии Русия гуфт, таркиши Волгоград кори дасти маргталаб буд.
XS
SM
MD
LG